ШАРТҲОИ ТАШКИЛ ВА ГУЗАРОНИДАНИ ИҚДОМИ ЛОТЕРЕЯВИИ «БАҲОРИ ТОБОН»
ФАСЛИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Ташкил ва гузаронидани Иқдоми лотереявии «Баҳори Тобон» (минбаъд «Иқдом») мутобиқи талаботҳои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби гузаронидани лотерея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 03 июли 2002, №274 таҳия ва тартиб дода шуда, тартиб ва шакли гузаронидани Иқдомро ба танзим медарорад.
2. Иқдом аз тарафи ҶДММ «Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон», ки дар суроғаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. А. Ҷомӣ 2/1A (минбаъд-«Ташкилотчӣ») ба қайд гирифта шудааст, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад. Иқдоми мазкур ба хотири сазовор пешвоз гирифтани ҷашни миллии «Навруз» ва болида гардонидани руҳияи мардум бахшида мешавад ва мақсади ба даст овардани фоида ва элементи таваккалӣ надорад.
3. Иқдоми мазкур инчунин бо мақсади ба аҳолии кишвар пешниҳод кардани имконияти чашидани маҳсулотҳои Ташкилотчӣ ва пешниҳод кардани имконият барои бурд намудани туҳфаҳо гузаронида мешавад.
ФАСАЛИ 2. МАҲСУЛОТЕ, КИ ДАР ИҚДОМ ИШТИРОК МЕНАМОЯД
1. Барои иштирокчии Иқдом гардидан (минбад-«Иштирокчӣ»), зарур аст, ки нушокии ғайриалкаголии «Кока-Кола Классик» («Coca‑Cola Classic»)-и аз тарафи Ташкилотчӣ истеҳсолшударо дар зарфҳои пластикӣ бо ҳаҷми 1 литр ва 1,5 литр (минбаъд-«Маҳсулот») бо сарпӯши махсуси пласткии тиллоранги дорои расми туҳфаро бо ранги сиёҳ (минбаъд-«Сарпушҳо») ба даст овард.
2. Риояи тамоми талаботҳо ва Сарпӯшҳои пешниҳодшуда аз тарафи Ташкилотчӣ тафтиш карда мешаванд. Дар ҳолати ба вуҷуд омадани ягон намуди баҳс вобаста ба аслияти Сарпӯшҳо, қарори Ташкилотчӣ ниҳоӣ мебошад.
ФАСАЛИ 3. ШАРҲИ ИҚДОМ ВА ДОДАНИ МУКОФОТҲО
1. Барои Иқдом маҷмӯан 1 млн. (як миллион) дона Маҳсулоти Ташкилотчӣ дорои сарпӯши махсуси тиллоранг ҷудо карда мешавад, ки дар пушти онҳо метавонад калимаи бо номи мукофот бошад. Иқдоми мазкур ба Иштирокчиён имконияти бурд намудани мукофотҳои зеринро медиҳад:
- яке аз 30 (сӣ) дона мукофотҳои пулӣ бо маблағи 10000 (даҳ ҳазор) сомонӣ;
- яке аз 50 (панҷоҳ) дона танури микромавҷӣ;
- яке аз 50 (панҷоҳ) дона зудрезакунак (блендер);
- яке аз 50 (панҷоҳ) дона дастгоҳи бисёрпаз (мултиварка);
- яке аз 5000 (панҷ ҳазор) дона пешбандак.
2. Миқдори умумии мукофотҳои пулӣ ба Иштирокчиён дар доираи Иқдом мутобиқи Шартҳои ташкил ва гузаронидани Иқдом (минбаъд-«Шартҳои расмӣ») дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодшаванда 30 (сӣ) дона, миқдори умумии танурҳои микромавҷӣ 50 (панҷоҳ) дона, миқдори умумии зудрезакунак (блендер) 50 (панҷоҳ) дона, миқдори умумии дастгоҳҳои бисёрпаз (мултиварка) 50 (панҷоҳ) дона, миқдори умумии пешбандакҳо 5000 (панҷ ҳазор) донаро ташкил медиҳад.
3. Дар ягон ҳолат миқдори умумии мукофотҳои пулӣ, танурҳои микромавҷӣ, зудрезакунанҳо, дастгоҳҳои бисёрпаз, ва пешбандакҳо набояд аз миқдори дар ҳамин Фасли 3 пешбинишуда зиёд бошад.
4. Барои ба даст овардани мукофотҳо, ба Иштирокчиён зарур аст Маҳсулоти дар Фасли 2 зикргардида харидорӣ намуда, дар пушти Сарпӯши тиллоранги Маҳсулоти истеъмолшуда, навиштаҷот бо номи мукофоти аниқ дарёфт кунад. Навиштаҷот дар пушти Сарпӯшҳо яке аз мукофотҳои дар банди 1-и Фасли мазкур номбаршударо нишон медиҳад. Зимнан, навиштаҷот ва номҳои мукофотҳо ба тариқи зерин ишора карда мешаванд:
- «Танури микромавҷӣ»;
- «Зудрезакунак»;
- «Дастгоҳи бисёрпаз»
- «Пешбандак»;
- «Муваффақият дар пеш аст»;
- «ХХХХХПХХХХХ»;
- «ХХХХХУХХХХХ»;
- «ХХХХХЛХХХХХ».
Ҳамин тавр, номи мукофоти пулӣ қисм ба қисм нишон дода мешаванд – бо ҳарфҳои “П”, “У” ва “Л”ва барои ҷамъ кардани номи мукофоти пулӣ, бояд Сарпӯшҳои тиллоранги дорои ҳамаи ҳамин се ҳарф ҷамъ карда шавад.
5. Ҳар як номи мукофот, ки дар пӯшти Сарпӯш дарёфт карда шудааст, ба истиснои нишонаҳои мукофотҳои пулӣ, имконияти ба даст овардани якто бурдро медиҳад. Барои пайдо кардани имконияти гирифтани мукофоти пулӣ, Иштирокчӣ бояд се адад Сарпӯшро соҳиб шавад, ки навиштаҷот дар онҳо дар маҷмӯъ калимаи «ПУЛ»-ро инъикос диҳанд.
ФАСАЛИ 4. ТАРТИБИ ИШТИРОК ДАР ИҚДОМ ВА ИВАЗНАМОИИ САРПӮШҲО
1. Барои ба Иштирокчиён додани мукофотҳои молӣ ҷойҳои махсуси, ки “Промо Марказҳо” номида мешаванд, ташкил карда мешаванд, ё ин ки мукофотҳо дар маҳалли ҷойгиршавии Ташкилотчӣ дода мешаванд. Иштирокчиён бо Сарпӯшҳои дорои навиштаҷот бо номҳои мукофотҳо, барои ивази онҳо ба мукофотҳо, бояд ба Марказҳои мазкур муроҷиат намоянд, ё ин ки ба Ташкилотчӣ ба тариқи телефонӣ муроҷиат намоянд.
2. Бо мақсади шинохтан, дар Промо Марказҳо навиштаҷоти «САРПӮШРО ДАР ИН ҶО ИВАЗ НАМО» ҷойгир карда мешаванд.
3. Оид ба суроға ва ҷойҳои аниқи ҷойгиршавии Промо Марказҳо ва дигар ҷойҳои додани мукофотҳо, минбаъд дар саҳифаҳои Ташкилотчӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ё ҳангоми муроҷиати Иштирокчӣ ба тариқи телефон, хабар дода мешавад.
4. Барои гирифтани мукофотҳои молӣ, Иштирокчӣ ба Промо Марказ ё ба Маркази қабули зангҳои Ташкилотчӣ ба тариқи телефонӣ муроҷит менамояд, пас аз он Ташкилотчӣ Иштирокчиро барои пешниҳод намудани Сарпӯш ба мақсади санҷидани он дар ҳузури иштироки Иштирокчӣ, даъват менамояд. Ҳангоми тасдиқшавии аслӣ будани Сарпӯш, ба Иштирокчӣ мукофоти мувофиқи навиштаҷоти ҷойдоштаи зери Сарпӯши аз ҷониби Иштирокчӣ пешниҳод шуда, дода мешавад. Дар их ҳолат Иштирокчӣ бо намояндаи Ташкилотчӣ санади доду-гирифт ва дигар ҳуҷҷатҳои дахлдорро ба имзо мерасонад.
5. Барои гирифтани мукофотҳои пулӣ, Иштирокчиёни бадастоварандаи маҷмӯи Сарпӯшҳои (се дона) дорои навиштаҷоти ҳарфҳо, ки дар маҷмӯъ калимаи «ПУЛ»-ро инъикос медиҳанд, бояд ба Ташкилотчӣ бо рақамҳои телефонӣ: +992- 44 600 44 84 муроҷиат кунанд ва дастурҳои амалҳои минбаъдаро барои гирифтани мукофотҳо, гиранд.
6. Мукофотҳои пулӣ ба Иштирокчиён дар шакли маблағҳои пулӣ, тавассути интиқол додан ба кортҳои бонкии онҳо, дода мешаванд. Иштирокчиёне, ки ҳамчун бурдкунандагони мукофотҳои пулӣ эътироф гардидаан ва дастурҳои минбаъдаро гирифтаанд, ба ғайр аз дигаре, бояд мушаххасоти бонкии кортҳои бонкии худро пешниҳод намоянд.
7. Барои гирифтани мукофоти пулӣ Иштирокчӣ, ки ҳангоми муроҷиат ба тариқи телефонӣ дастурҳои лозимаро гирифтааст, бояд ба Ташкилотчӣ инҳоро пешниҳод намояд:
- Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият (ва нусхаи он);
- Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи мавҷудияти рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА);
- Маҷмӯи Сарпӯшҳои дорои навиштаҷоти ҳамаи се ҳарфҳои калимаи “ПУЛ”;
- Аризаи пуркардашуда ва имзокардашудаи Иштирокчӣ бо нишон додани мушаххасоти корти бонкӣ, ки ба Иштирокчии мазкур тааллуқ дорад барои интиқол додани маблағи пулии мукофот;
- ва дигар ҳуҷҷатҳое, ки Ташкилотчӣ дар ҳолати зарурият, дархост кунад.
Ҳангоми пешниҳод накардани маълумотҳои мазкур аз ҷониби Иштирокчиёни бурдкунандаи мукофот дар муддаи 3 (се) моҳ, онҳо ҳуқуқи худро барои гирифтани мукофот аз даст медиҳанд.
8. Пеш аз додани мукофоти пулӣ, Иштирокчӣ уҳдарор аст маҷмӯи Сарпӯшҳои бурдкунандаи дорои навиштаҷоти ҳамаи се ҳарфҳо, ки дар маҷмӯъ калимаи “ПУЛ”-ро ташкил медиҳанд, ба намояндаи Ташкилотчӣ барои гузаронидани санҷиш аз ҷумла санҷиши аслият, пешниҳод намояд. Дар сурати пешниҳод накардани Сарпушҳои дорои навиштаҷоти бурдкунанда, ва инчунин ҳуҷҷатҳои дар банди 7 фасли мазкур то тамомшавии муҳлати дар банди 12 фасли мазкури Шартҳои расмӣ, Иштирокчи аз ҳуқуқи гирифтани мукофот маҳрум карда мешавад.
МУҲИМ: Додани мукофоти пулӣ танҳо дар сурати иҷрои тамоми шатҳои дар Шартҳои расмии мазкур муқарраршуда, амалӣ мешавад. Дар сурати иҷронакардани яке аз шартҳои дар Шартҳо барои гирифтани мукофот муқаррар шуда, Ташкилотчӣ ҳуқуқ дорад, дида баромадани муроҷиати Иштирокчиро оид ба додани мукофоти пулӣ (ва/ё ивазкунии Сарпӯшҳоро ба мукофоти пулӣ), рад кунад.
9. Дар сурати тасдиқ шудани аслияти Сарпӯшҳои за ҷониби Иштирокчӣ барои гирифтани мукофоти пулӣ пешниҳод шуда, Ташкилотчӣ дар бораи он Иштирокчиро хабардор менамояд, ва ӯ ба Ташкилотчӣ ҳуҷҷатҳои дар банди 7 фасли мазкур нишон додашударо дар вақти алоҳида аз ҷониби тарафҳо муайяан кардаша, пешниҳод мекунад. Дар ин ҳолат Ташкилотчӣ бо Иштирокчӣ санади доду-гирифт ва дигар ҳуҷҷатҳои дахлдорро ба имзо мерасонад ва ба ӯ сертификати тасдиқкунандаи эътирофшавии Иштирокчӣ чун бурдкунандаи мукофоти пулӣ, дода мешавад.
10. Аз маблағи арзиши мукофотҳо, Ташиклотчӣ аз ҳисоби худ, мутобиқи қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон андозҳо месупорад.
11. Тасвири мукофотҳо дар маводҳои иттилоотӣ марбут ба Иқдом, танҳо барои шиносоӣ оварда мешаванд, мукофотҳои воқеӣ метавонанд намои дигареро дошта бошанд, ки ба арзиши онҳо таъсир намерасонад.
12. Мукофотҳо метавонанд танҳо ба як шахси бадастоварандаи Сарпӯшҳои дорои навиштаоҷти номи мукофотҳо дода шаванд. Дар ҳолати аз ҷониби Иштирокчӣ пешниҳод намудани зиёда аз як дона Сарпӯши дорои навиштаҷоти номи мукофотҳо, ба ӯ танҳо як дона мукофот дода мешавад. Дар сурати ҳаргунагии номҳои мукофотҳо, Иштирокчӣ бо ихтиёри худ интихоб мекунад, ки кадоме аз Сарпӯшҳоро ба мукофот иваз намояд.
Қабули Сарпӯшҳо аз Иштирокчиён барои ба мукофотҳо иваз намудан дар дилхоҳ Промо Марказ то 20 августи соли 2024, амалӣ карда мешавад.
13. Ҳангоми ба Иштирокчиён додани мукофотҳо, Ташкилотчӣ ва ё шахсони ваколатдори он аз Иштирокчиён ҳуҷҷатҳои зеринро талаб менамоянд:
1) ҳуҷҷати муайянкунандаи шахсияти Иштирокчиёнро, ки ба даст овардани мукофотҳоро талаб менамоянд;
2) нусхаи ҳуҷҷати муайянкунандаи шахсияти Иштирокчиёнро, ки ба даст овардани мукофотҳоро талаб менамоянд.
Пешниҳоди ҳуҷҷатҳои мазкур барои ба мукофотҳо иваз намудани Сарпӯшҳо ҳатмӣ мебошад.
МАҲДУДНАМОИИ МАСЪУЛИЯТ!
14. Ташкилотичӣ барои хароҷот ва масрофоте, ки Иштирокчиён бо сабаби овардан ва иваз намудани Сарпӯшҳои худ дар Промо Марказҳо ва ё пешниҳод намудани Сарпӯшҳо амалӣ менамоянд ва дар Иқдом иштирок менамоянд, ягон масъулиятро ба зимма намегирад. Инчунин Ташкилотчӣ, барои хароҷоти аз ҷониби Иштирокчиён ба мақсади гирифтани мукофотҳои пулӣ, аз ҷумла дастрас намудани кортҳои бонкӣ, хароҷотҳои бонкӣ ва ғ., ба зиммаи худ масъулият надорад.
ТАВЗЕҲОТИ МУҲИМ
ДАР ЯГОН ҲОЛАТ НӮШОКИҲОИ АЗ ТАРАФИ ТАШКИЛОТЧӢ АЗ РӮИ ИҚДОМ ПЕШНИҲОДШУДА, ФУРӮХТА ВА Ё АЗ НАВ ФУРӮХТА НАМЕШАВАНД. ДИЛХОҲИ ФУРӮШИ ЗИКРГАРДИДА БО ВАЙРОННАМОИИ ШАРТИ МАЗКУР, ҲАМЧУН ИСТИФОДАИ ҒАЙРИҲУҚУҚИИ ТАМҒАҲОИ МОЛИИ БА ШИРКАТИ “ДЗЕ КОКА-КОЛА КОМПАНИ (THE COCA-COLA COMPANY)” ТААЛУКДОШТА ҲИСОБИДА МЕШАВАД, КИ ОН ҲУҚУҚИ АНДЕШИДАНИ ДИЛХОҲ ВА ТАМОМИ ЧОРАҲОИ ҲУҚУҚИРО, КИ ВАЙ ЗАРУР МЕШУМОРАД, ДОРАНД
ФАСЛИ 5. ҚОИДАҲОИ РОҲ ДОДАН БА ИШТИРОК ДАР ИҚДОМ
1. Барои иштирок дар Иқдоми мазкур ва гирифтани мукофотҳои молӣ ҳамаи сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синашон ба 16 расидааст, роҳ дода мешаванд. Барои гирифтани мукофотҳои пулӣ танҳо сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синашон ба 18 солагӣ расидааст, роҳ дода мешаванд.
Шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии дар поён зикргардида, барои иштирок дар Иқдоми мазкур роҳ дода намешаванд:
1) Ширкати “Дзе Кока-Кала Компани” (минбаъд- “ДККК”) (“The Coca‑Cola Company”) (минбаъд - “ТССС”) - Ташкилотчӣ;
2) Дилхоҳ шахси ҳуқуқӣ, соҳибкори инфиродӣ ва ё шахси воқеӣ, ки бо Иқдом алоқаманд астанд, инчунин дистрибютерҳо, фармоишгарон ва нуқтаҳои савдои иштироккунанда (агар мавҷуд бошанд), ташкилотҳои рекламавие, ки Ташкилотчиро ва/ё Иқдоми мазкурро хизматрасонӣ менамоянд;
3) Кормандон, ширкатҳои фаръӣ, ташкилотҳои вобаста, намояндагони маҳаллӣ ва хешовандони наздики ҳамаи шахсони дар бандҳои 2) ва 3) пешбинишуда.
ФАСЛИ 6. ҒАЙРИИМНКОН БУДАНИ ИВАЗНАМОИИ АРЗИШИ МУКОФОТҲО БА БАРОБАРҚУРБИИ ПУЛИИ АРЗИШИ ОНҲО
1. Дар ягон ҳолат арзиши мукофотҳо ба воситаҳои пулии баробарқурби онҳо иваз карда намешавад.
ФАСЛИ 7. САРПӮШҲО ВА ПЕШНИҲОДИ ТАЛАБОТ БАРОИ ИВАЗ НАМУДАНИ ОНҲО
1. Мукофотҳо ба Иштирокчиёне, ки Сарпӯшхоро пешниҳод намудаанд, онҳое, ки аз тарафи Ташкилотчӣ аслӣ эътироф шудаанд, дар хатҳои истеҳсолии Ташкилотчӣ ба сифати воситаи маҳкамкунанда барои Маҳсулоте, ки дар Иқдом иштирок намудаанд, истифода шудаанд; инчунин дар ҳолати пешниҳод кардани Хуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият, дода мешаванд.
2. Тамоми эътирозҳо ва Сарпӯшҳои пешниҳодшуда, аз тарафи Промо Марказ ва ё Ташкилотчӣ тафтиш карда мешавад. Ташкилотчӣ ва ё Промо Марказ ҳуқуқи рад намудани дилхоҳ талаботро, ки ба ақидаи ӯ беасос ба ҳисоб мераванд ва ё асоси оқилона оид ба тахмин намудани он ки, бо ягон сабаб Сарпӯш, Сарпӯши аслии бурдкунанда ба ҳисоб намеравад, дорад ва ё дилхоҳ аз ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда эътиборнок намебошанд, нигоҳ медорад. Дар ҳолати ба вуҷуд омадани баҳс вобаста ба аслияти Сарпӯшҳо, қарори Ташкилотчӣ ниҳоӣ ба ҳисоб меравад.
3. Ташкилотчӣ ба худ ҳуқуқи нашр намудан, штампгузорӣ намудан, иҷро намудани нақшкӯбӣ ва ё бо дилхоҳ усули дигар ба ва ё дар Сарпӯш нақш намудани як ва ё якчанд рамзҳои махфӣ ё рақам ва ё ҳарфҳоро (минбаъд-“Размҳо”) нигоҳ медорад, ки он ба Ташкилотчӣ имконият медиҳад, ки ба таври аниқ муайян намояд, ки Сарпӯши аз тарафи Иштирокчӣ пешниҳодшуда аслӣ мебошад ё на.
4. Дар ҳолати ба вуҷуд омадани баҳс, Ташкилотчӣ ба худ ҳуқуқи ошкор накардани маълумотро дар бораи Рамз (-ҳо) то ба охир расидани муҳлати ниҳоии пешниҳоди талабот дар бораи иваз намудани Сурпӯши дар Фасли 4 Шартҳои расми мазкур пешбинишуда, нигоҳ медорад. Дар Иқдом иштирок намуда, бо ин Иштирокчӣ тасдиқ менамояд, ки бар муқобили ҳуқуқи мазкури Ташкилотчӣ эътироз надорад ва эътироз намеорад.
5. Ташкилотчӣ ба худ ҳуқуқи беэътибор ҳисоб намудани Сарпӯшеро, ки ба ақидаи ӯ гирифтори ягон таҳриф ва ё тағийрот гардидааст, сохта зарардида, харошидашуда, фарсудашуда, чиркин ва ё олудашуда ба ҳисоб меравад ва ё хатогиҳои ҳуруфотӣ ва дигар хаттоҳоро дар бар мегирад ва ё ғайриҳуқуқӣ ё бо усули дигаре, ки ба шартҳои Иқдоми мазкур номутобиқ ба даст оварда шудааст, (минбаъд-“Сарпӯши (-ҳои) беэътибор”), нигоҳ медорад. Ташкилотчӣ ҳуқуқи рад намудани дилхоҳ талаботро вобаста ба Сарпӯшҳои беътибор дорад.
6. Дар ҳолати ба вуҷуд омадани баҳс оид ба масъалаи эътиборноки Сарпӯш(-ҳо) ва ё асоснокии талабот оид ба иваз намудани Сарпӯшҳо ҳангоми мавҷудияти рамзи махсус, қарори Ташкилотчӣ, ки ба нозоми Рамзҳои дар Фасли 7 Шартҳои расмии мазкур пешбинишуда, асос ёфтааст ниҳоӣ ба ҳисоб меравад.
7. Ташкилотчӣ уҳдадор нест фаҳмонад, ки соҳибмулки Сарпӯшҳо кӣ ба ҳисоб меравад. Иштирокчӣ, ки Сарпӯшро ба Ташкилотчӣ ва ё Промо Марказ пешниҳод намудааст, соҳибмулки ҳақиқии он ба ҳисоб меравад. Шартҳои пешакии мазкур нисбати ба даст овардани мукофотҳо аз руи Иқдом татбиқ мегарданд.
8. Ташкилотчӣ ва ё Промо Марказ ӯҳдадор нестанд, ки вобаста ба Сарпӯшҳои беэътибор ва ё қабулнашуда тавзеҳоти хатӣ диҳанд.
9. Ташкилотчӣ ва ё Промо Марказ додани мукофотро ба Иштирокчие, ки синаш (ки бо ҳуҷҷатҳо тасдиқ шудааст) аз сини ҳадди ақали Иштирокчии дар Фасли 5 Шартҳои расмӣ пешбинишуда камтар бошад, рад мекунад.
10. Дар сурати аз ҷониби Иштирокчӣ бо тартиби бо Шартҳои мазкур муқаррарнамуда нагирифтани мукофот, ё ин ки аз гирифтани мукофот дасткашӣ кардан, ва инчунин ҳангоми вайрон намудани Шартҳои мазкур аз ҷониби Иштирокчӣ, мукофот, ки Иштирокчӣ онро талаб мекард ё метавонист талаб кунад, ба чунин Иштирокчӣ дода намешавад ва дар ихтиёри Ташкилотчӣ мемонад, ва дар ин маврид ҷубронҳои пулӣ дода намешаванд
ФАСЛИ 8. САРПӮШҲОИ ҒАЙРИСТАНДАРТӢ
1. Дар ҳолати ба вуҷуд омадани баҳс оид ба масъалаи эътиборнокии Сарпӯш (-ҳо) ва ё асоснокии талабот оид ба иваз намудани Сарпӯшҳо ҳангоми мавҷудияти рамзи махсус, қарори Ташкилотчӣ, ки дар заминаи талаботҳои Шартҳои расми мазкур пешбинишуда, асос ёфтааст, ниҳоӣ ба ҳисоб меравад.
ФАСЛИ 9. РОЗИГИИ ИШТИРОКЧИЕН
1. Додани мукофот(-ҳо) метавонад дар намуди чорабинии оммавӣ бо иштироки воситаҳои ахбори омма ташкил карда шавад, ки онҳо қайди аудиоӣ, видеоӣ ва суратгириро ба анҷои мерасонанд. Иштирокҷӣ дар Иқдоми мазкур иштирок намуда, агар ӯ гирандаи мукофот ба ҳисоб равад, инчунин шахсе, ки онро ба чорабинии оммавӣ ҳамроҳӣ мекунад (ҳангоми гузаронидани чорабинӣ) ба он розигӣ медиҳанд (метавонанд надиҳанд), ки номҳо ва тасвирҳои видеоӣ, суратҳо ва қайдҳои аудиоии онҳо метавонанд нашр карда шаванд ва дар маводҳои аудио, видео ва суратҳо аз тарафи Ташкилотчӣ аз рӯи салоҳдиди худ, бе пешниҳоди ягон намуди ҷуброн, истифода карда шаванд.
2. Бо иштирок дар Иқдоми мазкур, Иштирокчиён ба Ташкилотчӣ розигии худро бари коркарди маълумоти шахсии худ медиҳанд, ки он барои бақайдгирии Иштирокчиён бо мақсадҳои минбаъдаи додани мукофотҳо ва дигар мақсадҳои бевосита бо Иқдом вобаста буда, зарураст.
ФАСЛИ 10. ШАРТҲОИ РАСМИИ ИҚДОМ
Шумо метавонед Шартҳои расмии Иқдомро аз Промо Марказҳо дастрас намоед.
Барои ба даст овардани маълумоти мушаххас, шумо метавонед ба телефони Хатти фаъоли: +992 44 600 44 84 занг занед.
ФАСЛИ 11. ТАМҒАИ МОЛИИ “ДЗЕ КОКА-КОЛА КОМПАНИ” (ДККК), (“THE COCA-COLA COMPANY” (TCCC)
1. Ягон банд ва ё муқаррарот дар Шартҳои расмии мазкур набояд ҳамчун ба Иштирокчӣ пешниҳод намудани ҳуқуқи соҳибмулкӣ ва ё гирифтани даромад нисбат ба тамғаҳои молии ДККК шарҳ дода шавад. На шартҳои Шартҳои расмӣ, на иштирок дар Иқдом ба Иштирокчӣ ҳуқуқро ба истифода намудан ва ё зикр (бе иҷозати пешакии хатии ДККК) намудани номгӯ, аломат, тамғаҳои молӣ ва ё ҳуқуқи муалифи ДККК ва Ташкилотчӣ барои мақсадҳои маркетингӣ ва рекламавӣ, инчунин дар дигар мақсадҳои ба Иқдом алоқаманд набуда ва ё аз доираи Иқдоми гузаронидашаванда берун, намедиҳад. Иштирокчӣ эътироф менамояд ва ҳеҷ вақт қонунӣ будани тамғаҳои молии ДККК-ро ва ё соҳибмулкии ДККК-ро нисбати онҳо зери шубҳа намегузорад.
3. Дар ҳолати вайрон намудани шартҳои Шартҳои расмӣ дар бораи риояи ҳуқуқ ба тамғаи молии ДККК аз тарафи Иштирокчӣ, Ташкилотчӣ ҳуқуқ дорад талаб намояд, Иштироккунанда бошад, уҳдадор мешавад аз рӯи дархости аввали Ташкилотчӣ тамоми зарарро, ки ба Ташкилотчӣ ва ё ДККК, инчунин ягон истеҳсолкунанда ва ё дистрибютори молҳои дорои тамғаҳои молии ДККК дар ин ва ё он ҳудуд бо дарназардошти вайронкунии дар боло зикршуда, расидааст, ҷуброн намояд.
Фасли мазкури 11 инчунин, пас аз анҷом ёфтани Иқдоми гузаронидашуда низ амали худро давом медиҳад.
ФАСЛИ 12. МУҲЛАТИ УМУМИИ ГУЗАРОНИДАНИ ИҚДОМ
1. Иқдоми мазкур дар назар аст, ки аз 20 марти соли 2024 то 20 майи соли 2024 (ҳар ду сана низ дохил аст) гузаронида мешавад.
ФАСЛИ 13. БЕКОРНАМОӢ ВА Ё ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒИЙРОТ
1. Дар ҳолати қабл аз муҳлати муаяншуда ба охир расидани Иқдом, Ташкилотчӣ метавонад дар мувофиқа бо мақомоти салоҳиятдорӣ давлатӣ Иқдоми мазкурро ҷамъбаст намояд. Дар ин ҳолат Ташкилотчӣ мақомотӣ салоҳиятдори давлатиро тариқи хаттӣ огоҳ менамояд.
2. Инчунин Ташкилотчӣ метавонад дар ҳолати ворид намудани тағийрот ва ё боздоштани Иқдом мақомоти салоҳиятдори давлатиро тариқи хаттӣ огоҳ намуда, тағийротҳоро бо мақомоти салоҳиятдори давлатӣ мувофиқа намояд.
3. Ташкилотчӣ ҳуқуқ дорад Иштирокчиёнро дар бораи боздошт, ворид намудани тайғирот ва ё ҷамъбасти Иқдом бо роҳи эълон намудан дар нашриёти ҷумҳуриявӣ аз тарафи Ташкилотчӣ аз рӯи салоҳидиди худ интихобшуда ва ё дар саҳифаи худ дар сомонаҳои иҷтимоӣ (“Эълон”), огоҳ намояд. Чунин Эълон барои маълумот додан ба истеъмолкунандагон дар бораи ворид намудани тайиғирот, боздоштан ва ё ҷамъбаст намудани Иқдом ва Шартҳои расмии Иқдоми мазкур кофӣ мебошад.
4. ДАР ИҚДОМ ИШТИРОК НАМУДА, ҲАМАИ ИШТИРОКЧИЁН БА ТАВРИ АВТОМАТӢ ТАСДИҚ МЕНАМОЯНД, КИ ОНҲО БО ДИҚҚАТ БО МАТНИ ҚОИДАҲОИ РАСМИИ МАЗКУР ШИНОС ШУДААНД ВА БЕ ГУФТУГУ БО ШАРТҲО ВА МУҚАРРОТИ ҚОИДАҲОИ РАСМӢ БЕ ЯГОН МАҲДУДИЯТ ВА Ё ИСТИСНО РОЗӢ МЕШАВАНД.
“КОКА-КОЛА (COCA-COLA)”, «(КОКА) COKE», зарфи анговарӣ, Мавҷи серҳаракат, тамғаҳои молии бақайд гирифташудаи ширкати “ The Coca‑Cola Company” (“Дзе Кока - Кола Компани”) ба ҳисоб мераванд.
Фасли 14. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
1. Ташкилотчӣ барои истифодаи минбаъдаи мукофотҳои ба бурдкунандагон додашуда, ва инчунин барои имконнопазирии истифодаи онҳо аз ҷониби бурдкунандагон, ҷавобгар нест. Ҷавобгарӣ барои сифати мукофотҳои Иқдом дар зиммаи истеҳсокунандагони онҳост.
2. Ташкилотчӣ, Ширкати “The Coca‑Cola Company” (минбаъд – “TCCC”), ташкилотҳои фаръии он ва дигар шахсони вобаста, намояндагони маҳаллии онҳо, Ташкилотчӣ, дистрибюторон, фармоишгарон, нуқтаҳои савдои дар баргузории Иқдом иштирокунанда, ташкилотҳои рекламавӣ ва дигар шахсони бо Иқдом вобастабуда, на бо ҳам, на дар алоҳидагӣ барои хатогиҳои ҳуруфотӣ ва/ё дигар хатогиҳо, ва/ё норасоиҳои саноатии Сарпӯш ва/ё зичкунандаи он, ва/ё дигар нуқсонҳои Сарпӯш, ё нохоноии Рамзҳо, ки бо дилхоҳ сабаб ба вуҷуд омада бошанд, аз ҷумла нуқсони истеҳсолӣ дар Сарпӯш, ҳеҷ гуна ҷавобгарӣ бар душ надоранд.
3. Назорат аз болои иҷроиши Шартҳои расмии Иқдом ба ҶДММ “Кока-Кола Нушокиҳои Тоҷикистон” гузошта мешавад.